Имрӯз вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар ва Ибрахим Этхем Унал — Ҳамоҳангсозӣ барономавии идораи TIKA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷонибҳо соҳаи сайёҳиро ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ намуда, баргузории ҷаласаҳои гурӯҳи кории муштаракро барои рушди ҳамкорӣ ба мақсад мувофиқ ҳисобиданд.
Дар мулоқот масъалаҳои мусоидат дар ҷалби сармояи Ҷумҳурии Туркия ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Туркия оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии кишвар дар самти хизматрасонӣ ва ташкил намудани курсҳои омўзишӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои кормандони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Аз ҷониби роҳбарияти Кумита пешниҳод карда шуд, ки ҷудо кардани бурсияҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дохил шудан ба магистратура дар Донишгоҳҳои Ҷумҳурии Трукия барои омода намудани мутахассисони баландихтисос дар риштаи сайёҳи заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Пешниҳоди мазкур аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар ба хуби пазируфта шуда, дар ин самт масъулини ҷонибҳо корҳои муайянро анҷом хоҳанд дод.
Ҳамзамон, зимни мулоқот роҳбарияти Кумита қайд намуд, ки форуми сайёҳии Тоҷикистону Туркия, ки қаблан дар шаҳри Истанбул баргузор гардид, баргузории 2-юми форуми мазкур дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуда, ҷиҳати ҷалби сайёҳон ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии ҳардуҷониб Пресс-тур бо ҷалби намояндагони ВАО баргузор гардад.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.