
Зимни сафари корӣ ба Бағдод мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Ироқ Муҳаммад Шиёъ ас-Судонӣ доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону Ироқро дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ намуданд.
Аснои мулоқот сафир масъалаи ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Ироқро матраҳ сохт.
Ҳамчунин, ҷонибҳо перомуни авзоъи кунунии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот даъватнома ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Ироқ ҷиҳати иштирок дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман супорида шуд.