
Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусайн Иброҳим Тоҳо мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломӣ дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуд. Зимнан, дар бораи чорабиниҳо ва ҳамоишҳои сатҳи байналмилие, ки баргузории онҳо соли ҷорӣ дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, маълумоти муфассал ироа гардид.
Инчунин, ҷонибҳо атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ҳолати буҳронӣ дар Фаластин ва вазъи гуманитарӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.