Зимни сафари корӣ ба Бағдод мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо раиси Комиссияи миллии сармоягузории Ироқ Ҳайдар Муҳаммад Маккия доир гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистону Ироқ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, роҳандозии ҳамкорӣ байни ниҳодҳои сармоягузории ду кишвар, таъсиси Шурои соҳибкорон, баргузории бизнес-форуми соҳибкорон ва табодули сафарҳои ҳайатҳои тиҷориро мавриди муҳокима қарор доданд.