11 марти соли 2024 Чорабинии сатҳи баланд бахшида ба аъзошавии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид-Занон (UN Women) ба ташаббуси ҷаҳонии «Ring The Bell for Gender Equality» — пешбурди баробарии гендерӣ, дар мавзӯи «Сармоягузорӣ, роҳбарӣ ва соҳибкории занон: иқтидор, имконият ва муваффақият», дар меҳмонхонаи Хилтон Душанбе баргузор гардид. Дар он шарикони рушд, намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёни касбии бозори суғурта ва бозори қоғазҳои кимматнок, БМТ ва як қатор ҷамъиятҳои бонуфузи кишвар ширкат варзиданд. Ифтитоҳи чорабинии мазкур аз ҷониби муовини вазири молияи ҶТ, Маҷидӣ Ю.Х. оғоз гардида, зимни суханронии пурмуҳтавои Дирктори Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон -Абдураҳмонзода Нигина, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон -Насриддинзода Рухшона, муовини Раиси Раёсати БМТ-Назирӣ Гулбаҳор, директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Саломе Штайб, Роҳбари Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар ҶТ-Фаррух Султонов, Роҳбари ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид-Занон (UN Women) дар ҶТ-Малика Джуракулова идома ёфт. Муовини вазири молия Маҷидӣ Юсуф дар баромади худ қайд намуданд: «Боиси хушнудист, ки соли ҷорӣ бо дастгирии Вазорати молия, Танзимгари бозори коғазҳои қиматнок — Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсус, иштирокчиёни касбии бозор ба ташаббуси мазкур ҳамроҳ шуданд ва имрӯз дар доираи он мо метавонем бо ифтихор ин чорабиниро баргузор намоем. Қадамҳои амалии иштирокчиёни Ташаббус бояд ба баланд бардоштани шаффофияти ширкатҳои ҷамъиятӣ дар ошкор намудани се ҷанбаи фаъолияти онҳо равона карда шаванд: назорат дар самти амнияти экологӣ, саҳм дар суботи иҷтимоӣ, баробарии гендерӣ ва ва такмили пайвастаи сифати идоракунии корпоративӣ». Абдурахмонзода Нигина, Директори Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: «Мувозинати гендерӣ дар сатҳи стратегӣ назари бисёрҷонибаи идоракуниро таъмин сохта, хавфҳоро паст менамояд. Таъсири “тафаккури гурӯҳӣ” ба қабули қарорҳо бошад, боиси рушди иқтисодӣ гашта, суботу устувориро баланд мебардорад, ҷолибияти сармоягузории тиҷоратро ташаккул дода, меъёрҳои нави ахлоқӣ ва иҷтимоиро ба вуҷуд меорад. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки зарурати омода намудани занони роҳбарикунанда дар сатҳи қабули қарорҳои калидӣ, ба миён омадааст».IFC дар доираи лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) оид ба рушди таҷрибаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ (ESG) дар Осиёи Марказӣ ва Туркия бо дастгирии Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO), таҷрибаҳои беҳтарини ESG ва маблағгузории устуворро татбиқ менамояд.«Иштироки занон дар ҳаёти иқтисодии кишвар омили муҳим ва ҷудонашавандаи пешрафт ва некӯаҳволии ҷомеа мебошад. Мо дар IFC итминон дорем, ки дастгирии баробарии гендерӣ, рафъи тафовут байни занон ва мардон ҳамчун роҳбарони тиҷорат, аъзои шӯроҳои директорон, кормандон ва соҳибкорон ба эҷоди иқтисоди устувортар ва фарогир дар Тоҷикистон мусоидат менамояд», гуфт Фарух Султонов, Роҳбари намояндагии IFC дар Тоҷикистон.Ташаббуси Ring The Bell for Gender Equality як шарикии ҷаҳонӣ аст, ки ташкилотҳои IFC, Шартномаи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид, «UN Women» ва Федератсияи ҷаҳонии биржаҳоро дар бар гирифта, ҷиҳатӣ иштироки пурра ва баробарҳуқуқи ҳамаи одамон дар дар ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва бунёди сулҳи озод аз камбизоатӣ дар сайёраи қобили зист, мебошад.