Дар шаш моҳи якуми соли равон аз ҷумҳурӣ 131,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 124,4 миллион доллари амрикоӣ содирот карда шудааст, ки аз рӯи арзиши гумрукӣ 25,5 миллион доллари амрикои ё 25,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Вазири кишоварзии мамлакат Нигина Анварӣ иттилоъ дод.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар таркиби содирот, маҳсулоти сабзавотӣ 23,5 ҳазор тонна ё 17,8 фоиз (аз ҷумла пиёз 22 ҳазор тонна ё 16,7 фоиз), меваҷот 10,3 ҳазор тонна ё 7,8 фоиз (аз ҷумла ангур 550 тонна ё 0,4 фоиз), меваи хушк 38,2 ҳазор тонна ё 29 фоиз, лӯбиёгиҳо 120,1 тонна ё 0,1 фоиз, полизӣ 424 тонна ё 0,3 фоиз, тухми мурғ (инкубатсионӣ) 1,7 ҳазор тонна ё 1,3 фоиз, меваҳо ва тухмиҳои равғандор, растаниҳои доругӣ 2,5 ҳазор тонна ё 1,9 фоизро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти кишоварзӣ ба 18 давлати ҷаҳон содирот гардидааст. Аз маҳсулоти содиротгардида 74,2 фоиз ба мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 25,8 фоиз ба давлатҳои хориҷии дур рост меояд.
Ба гуфти масъулони Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар натиҷаи ҳамкорӣ ва созиш бо Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати бунёди 5 маркази тақсимоти яклухти маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе аз ҳисоби сармояи хориҷии грантӣ қарордод ба имзо расонида шуд.
Дар ин самт дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» барои ҷалби ширкати машваратӣ-лоиҳакашӣ озмун гузаронида шуда, бо ширкати байналмилалии «СОФРЕКО» ва ширкати ватании «БАРС Консалтинг» шартномаи ҳамкорӣ баста шуда, фаъолияти амалишавии он аз 12 июни соли 2023 оғоз гардидаст.