Бар асоси натоиҷи шаш моҳи соли 2024 бахши даромади будҷаи ҷумҳуриявии Тоҷикистон 10,1 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақша 10 дарсад бештар аст. Бино ба иттилои Вазорати молияи кишвар буҷетҳои маҳаллй нисбат ба нақша 7 фоиз барзиёд иҷро шуда, 5,0 миллиард сомонӣ фоида ба даст омадааст. Гуфта мешавад, ки аз лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 3,4 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 2,3 миллиард сомонӣ грантҳо аз худ карда шудааст.