Мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оғоз шуд.
Маросими ифтитоҳи ин сабқат дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Дар мусобиқа 64 варзишгар аз 13 давлат иштирок ва байни ҳам рақобат мекунанд. Бозиҳо ба таври инфиродӣ, ҷуфт ва ҷуфти омехта доир мешаванд.
Нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2005 доир шуда, соли 2021 ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид.