Имрӯз бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенсӣ” Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавзуи «Дастовардҳо ва дурнамои рушди низоми ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш муовини Сарвазир Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илми Тоҷикистон намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва Дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.
Форуми мазкур бо ҳадафи пешбурди ҳуқуқи кӯдакон, таҳлил ва оммавигардонии дастовардҳои Тоҷикистон дар давоми 31 соли ба тасвиб расидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак, муаррифии дастовардҳои кишвар барои ҳамроҳ шудан ба иқдоми умумиҷаҳонӣ оид ба манъи ҷазои ҷисмонӣ ва ғайра мебошад.