Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Гела Шекиладзе дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар бозии дӯстона пайиҳам дуюмин пирӯзиашро ба даст овард. Тими миллии мо дар майдони худ бар яккачини Афғонистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб шуд.
Ин вохӯрӣ имрӯз, 19 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, 12 350 тамошобинро ба ҳам овард. Футболбозони мо сар аз дақиқаи 39-ум муборизаро даҳнафара идома доданд, зеро дарвозабон Рустам Ятимов корти сурх гирифт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Амирбек Ҷӯрабоев, Шаҳром Самиев ва Рустам Соиров заданд.
Ин охирин бозии тими миллии Тоҷикистон дар соли 2024 мебошад. Дастаи мо вохӯрии навбатии худро 25 марти соли оянда дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 баргузор мекунад. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ рӯзи 9 декабр дар маросими қуръакашӣ муайян хоҳанд шуд.