Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Тоҷикистон ва Малайзия масъалаи таъсиси платформаҳои муштараки содироту воридотро баррасӣ кардаанд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷониба имконоти нав боз мекунад. Ҳадафи ин ташаббусҳо ҷалби сармоя ба бахшҳои калидӣ, аз қабили энергетика, саноат ва кишоварзӣ, мусоидат ба рушди инфрасохтор ва ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ дар ҳарду кишвар мебошад.