Илон Маск дар таърих аввалин шахсе шуд, ки дороии беш аз 400 миллиард доллар аст.
Ба таҳлили Bloomberg, афзоиши саҳмияҳои Tesla, муваффақияти SpaceX ва дастгирии Доналд Трамп омилҳои асосии ин дастовард буданд, хабар медиҳад.
Сабаби асосии афзоиши сармояи ӯ, пеш аз ҳама, фурӯши дохилии саҳмияҳои SpaceX буд, ки ба маблағи 350 миллиард доллар арзиш дошт ва ба арзишмандтарин ширкати хусусии ҷаҳон табдил ёфт. Ба шарофати ин, сарвати соҳибкор дарҳол 50 миллиард доллар афзоиш ёфт ва тибқи гузориши Bloomberg Billionaires Index, ҳоло 439,2 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ҷолиб он аст, ки ваъи молиявиаш хеле тағйирёбанда аст. Дар охири соли 2022 миллиардер беш аз 200 миллиард долларро аз даст дод, аммо рӯйдодҳои ахир ба барқароршавии дороиҳои ӯ мусоидат карданд. Аз ҷумла, пирӯзии Трамп дар интихоботи президентӣ як катализатори муҳим буд, зеро, Маск ӯро фаъолона дастгирӣ кард, аз ҷумла саҳми назарраси молиявӣ дар маъракаи интихобот гузошт.
Илова бар ин, саҳмияҳои Tesla пас аз интихобот 65% афзоиш ёфт, ки бо интизориҳои он, ки мошинҳои худгард содда карда мешаванд ва имтиёзҳои андоз барои рақибони Tesla аз байн бурда мешаванд. Омили дигари афзоиши сарвати Маск ширкати ӯ xAI буд, ки дар соҳаи зеҳни сунъӣ кор мекунад. Қимати он дар моҳҳои ахир ду баробар афзуда, ба 50 миллиард доллар расидааст ва ба гуфтаи Wall Street Journal, таваҷҷӯҳ ба ин ширкат пас аз пирӯзии Трамп танҳо бештар шудааст.