
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми Шурои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ оғоз гардид, ки дар он варзишгарону роҳбарони сохторҳои варзишии зиёда аз 22 кишвари Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ ҳузур доранд.
Дар ҷаласаи Форум масъалаҳои севумин Бозиҳои Осиё байни наврасон дар кишвари Баҳрайн, Бозиҳои Осиё дар толор ва ҳунарҳои размӣ дар Риёзи Арабистони Саудӣ – 2026, 20-умин Бозиҳои Осиё дар Айчӣ – Ногояи Ҷопон – 2026, барномаҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва омода намудани варзишгарон барои Бозиҳои олимпии Лос – Анҷелес — 2028 мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Зимни ифтитоҳи форум Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисаш бо ҳадафмандӣ барои рушду таҳкими фарҳанги ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби арзишҳои олимпӣ ва беҳтарсозии зерсохтори варзишии мамлакат талош менамояд.
Таъкид карда шуд, ки яке аз намудҳои миллии варзиши точик куштигирӣ солҳои ахир шуҳрати байналмилалӣ пайдо кардааст. Бо талошҳои муштарак ва дастгирии ҷомеаи варзишӣ, он берун аз марзҳои мамлакат тарғиб ёфта, маҳбубияти бештар касб намудааст.