
Тибқи иттилои шабакаи телевизионии Al-Jazeera бо истинод ба манобеи тиббии Фаластин, дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ба сектори Ғазза дар шабонарӯзи гузашта беш аз 60 нафар ҷон бохтанд.
«Тибқи иттилои манобеи тиббӣ, шумораи қурбониёни ҳамлаҳои Исроил ба минтақаҳои мухталифи сектори Ғазза аз бомдоди рӯзи 7 апрел то 60 нафар афзоиш ёфтааст», — хабар медиҳад шабакаи телевизионӣ.
Ҳамлаҳо дар атрофи шаҳрҳои Дейр-эл-Балах, Ғазза, Хон-Юнус ва Ҷебалия, аз ҷумла хонаҳои истиқоматӣ сурат гирифтанд. Ба иттилои табибон, дар Хон-Юнус ҳафт нафар, аз ҷумла ду кӯдак, дар натиҷаи тирпарронӣ ба маркази тақсимоти ройгони ғизо ба ҳалокат расиданд.
Шаби 18 март Артиши дифои Исроил ҳамлаҳо ба сектори Ғаззаро аз сар гирифт. Сарвазири Исроил Бенёмин Нетаняҳу изҳор дошт, ки ҳамлаҳо дар робита ба радди ҳаракати фаластинии ҲАМОС аз қабули нақшаи амрикоӣ дар бораи тамдиди режими қатъи оташбас ва озод кардани гаравгонҳо идома ёфтанд. Расман созишномаи оташбас миёни Исроил ва ҲАМОС 1 март ба анҷом расид, аммо дар пайи кӯшишҳои миёнаравҳо барои ҷалби тарафҳо ба идомаи гуфтушунид дар бораи ҳалли вазъ дар Ғазза, даргириҳо дубора оғоз нашуданд. Бо вуҷуди ин, Исроил таъмини нерӯи барқ ба корхонаи обсофкунӣ дар ин минтақаро қатъ кард ва вуруди мошинҳои боркаш бо кумаки башардӯстонаро ба минтақа баст.