
Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳилтон Душанбе» бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Бонки Осиёии рушд семинари омӯзиши дар мавзӯъи » Тақвияти гузоришҳои илмӣ дар бораи обшавии пиряхҳо ва ҳифзи пиряхҳо» бо иштироки намояндагони ВАО- и ватанӣ бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ баргузор гардид. Дар кори семинар вобаста ба масъалаи рӯзномаи пиряхҳо, таъкид шуд, ки ҳадаф аз роҳандозии ҳамоиши мазкур ин баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи рӯзноманигорон дар самти инъикоси масъалаҳои марбут ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо, инчунин инъикоси раванди баргузории » Конфронси байналмилллалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад мебошад. Дар фароварди семинар миёни коршиносони байналмиллалӣ ва рӯзноманигорон роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба обу иқлим суолу ҷавоб сурат гирифт.