
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 аз ҳамсолони худ аз Кореяи Шимолӣ шикаст хӯрд.
Бо вуҷуди мағлубият, мунтахаби Тоҷикистон ҳанӯз имкони баромадан аз гурӯҳро дорад. Барои ин дастаро лозим аст, ки дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ муқобили тими Эрон, ки рӯзи 11 апрел баргузор мешавад, ғолибият ба даст орад.
Ҳайати асосии тими наврасони Тоҷикистон барои бозии даври дуюми Ҷоми Осиё-2025 бо дастаи Кореяи Шимолӣ рақобат кард.