Канслери нави Австрия аз ворид нашудани кишвар ба НАТО хабар дод.Канслери нави кишвар, раҳбари Ҳизби марказгарои Халқии Австрия (ÖVP) Кристиан Штокер дар мусоҳиба бо Euractiv изҳор дошт, ки Австрия ба НАТО шомил нахоҳад шуд. Ӯ гуфт: «Воридшавӣ ба НАТО аз ҷониби Австрия баррасӣ намешавад».
Нашрия қайд мекунад, ки бетарафии низомӣ аз соли 1955 дар Конститутсияи кишвар сабт шудааст. Илова бар ин, Австрия дар байни кишварҳои Аврупо аз ҷумлаи онҳоест, ки камтарин маблағро барои дифоъ сарф мекунад — камтар аз 1% ММД.
«Дар ҳоле, ки мо кӯшиш мекунем сарфакорӣ кунем ва хароҷотро кам кунем, ду баробар зиёд кардани буҷаи дифоъ аллакай ҳадафи пурқувват аст», — қайд кард канслери Австрия.



