Ҳаҷми гардиши тиҷорат миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар чор моҳи аввали соли 2025 ба беш аз 700 миллион доллар расида, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 20% афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Соҳибҷон Зиёев, сардори Шуъбаи ҳамкории хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, иттилоъ додааст.
Русия мақоми аввалро миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон нигоҳ дошта, беш аз 20 фоизи гардиши умумии иқтисодии хориҷии кишварро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Зиёев, афзоиши мутавозини сармоягузорӣ, густариши истеҳсоли муштарак ва маҳаллигардонии маҳсулот заминаи рушди стратегӣ барои тиҷорати дуҷонибаро фароҳам меорад.
Тоҷикистон ва Русия дар доираи стратегияи муштарак то ба сатҳи 2 миллиард доллар расонидани гардиши солонаи молро ҳадаф қарор додаанд. Самтҳои афзалиятнок — рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ, саноати дорусозӣ, инфрасохтори шаҳрӣ ва татбиқи ташаббусҳои “Шаҳри ҳушманд” ва “Шаҳри бехатар” арзёбӣ шудаанд