
Дар ҷараёни иҷлосияи 145/146-уми Шӯрои Созмони ҷаҳонии гумрук (WCO) дар Брюссел, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Дабири кулли WCO Ян Сандерс мулоқоти дуҷониба анҷом дод.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибҳо роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар самти рақамикунонии раванди гумрук, истифодаи технологияҳои муосир ва боз кардани Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди WCO-ро баррасӣ карданд. Каримзода иброз доштааст, ки ин иқдом дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумрук барои солҳои 2025–2029 сурат мегирад ва ҳадафи он мутобиқсозии низоми миллӣ ба меъёрҳои байналмилалист.
Ян Сандерс саҳми Тоҷикистонро дар фаъолияти WCO баланд арзёбӣ намуда, омодагии худро барои дастгирии ифтитоҳи намояндагӣ баён дошт. Вай ҳамзамон ба Тоҷикистон барои анҷоми сафари расмӣ даъват шудааст.