
Фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ нисбат ба соли 2024 беҳтар гардида, давоми шаш моҳи соли равон муассисаҳои томактабӣ ба 757 расида, дар онҳо 118 392 кӯдак таълиму тарбия мегиранд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 13 муассиса ва 4422 нафар кӯдак зиёд будааст
Бо мақсади фарогирии бештар ва ҷиҳати дастрасии кӯдакон ба таълиму тарбия томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2931 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 133361 кудак дар 5569 гуруҳ таъсис дода шуд, ки ин нишондиъанда нисбат ба соли 2024-ум 47 марказ ва 2044 кудак зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ 251753 нафар ё 23,7%-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ин давраи соли гузашта 3,5% (соли 2024-ум 20,2%) зиёд мебошад.