
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2025 бо 28 муассисаи таҳсилоти олӣ ва марказҳои таълимию илмии кишварҳои хориҷӣ созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки дар натиҷа теъдоди умумии созишномаҳои амалкунандаи донишгоҳ бо шарикони хориҷӣ ба беш аз 270 адад расид. Дар ин хусус 29 – уми июл ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Барои тақвияти ҳамкориҳо бо намояндагони муассисаҳои Индонезия, Чин, Испания, Британияи Кабир, Чехия, Швейтсария, Малайзия, Эстония, Ҳиндустон, Русия, Эрон, Гурҷистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон 116 семинару машғулиятҳои таълимӣ ва мулоқоти маҷозӣ анҷом дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 9 омӯзгори донишгоҳ дар озмуни Барномаи ҳамкории техникию иқтисодии Ҳиндустон (ITEC) ширкат варзида, ғолиб гардиданд.
Убайдулло Асрорзода гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2025 152 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ва табодули академӣ дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Дилнозаи Абдумалик,
радиои «Овози тоҷик»