
Дар соли таҳсили 2024-2025 тедоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 4037 адад, аз ҷумла, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ 287 адад, муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ 364 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми 3386 ададро ташкил медиҳад. Хамчунин, дар ҷумҳурӣ тедоди муассисаҳоӣ типи нав 170 адад буда, 83 гимназия ва 87 литсей фаъолият мекунад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 2 миллиону 357 ҳазору 56 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Теъдоди омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 130 732 (86 250 — 66% зан) нафарро ташкил медиҳанд. Аз теъдоди умумии омӯзгорон 100 445 нафар (63 141 зан) — 76,8 фоиз дорои таҳсилоти олӣ, 6 728 нафар (5 198 зан) — 5,2 фоиз дорои таҳсилоти олии нопурра, 21 564 нафар (16 269 зан) — 16,5 фоиз дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 1 995 нафар (1642 зан) — 1,5 фоиз дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ҳамзамон донишҷӯи муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ мебошанд.