
29 июли соли ҷорӣ дар ш. Минск зери раисии сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, намояндаи ваколатдори доимии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Б. Сафарзода ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид.
Дар ҷаласа маърузаи Намояндаи доимии кишвар оид ба рафти татбиқи Консепсияи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод дар нимсолаи аввали соли равон ироа гардид, ки дар он роҷеъ ба фаъолият дар таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ва густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳои узви ИДМ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ, амниятӣ ва экологӣ натиҷагирӣ шуд.
Ҳамзамон, дар рафти ҷаласа перомуни масъалаҳои омодагӣ ба нишастҳои дарпешистодаи Шурои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шурои сарони давлатҳои ИДМ табодули афкор сурат гирифт.