
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025 барои пайдо намудани шарикон ва ҷалби сармоя ба саноати кишвар 7 созишномаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Русия, Қирғизистон, Чин, Ҷумҳурии исломии Эрон ба имзо расонидааст. Ин нукта имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нав ишора шуд. Вазорат дар ин давра 3 форуми байналмиллалиро дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор кардааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввал ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 4 миллиарду 731 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 317 млн доллар зиёд мебошад. Ҳамчунин то ин давраи соли равон ҳаҷми сармоягузорӣ дар соҳаи саноати кишвар 4 млрд 271 млн долларро ташкил додааст. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июли соли равон 3849 корхона дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 269 корхона зиёд мебошад. Аз ҳисоби корхонаҳои нав дар ҳамин давра зиёда аз 95,3 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.
Шарифиён Абдурофеъ, «Овози тоҷик»