
Тарҷумаи китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба забони туркӣ имрӯз, 6-уми сентябр, дар Маркази мероси хаттии назди раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоӣ шудааст.
Дар ин бора Раҳмоналӣ Шералиев, роҳбари нашриёти “Адиб” дар саҳифаи “Фейсбук”-аш хабар дода, гуфтааст, ки ин китоб аз сӯи Насимҷон Давлатзода ба забони туркӣ тарҷума ва тавассути матбааи “Бебок” ба чоп расидааст. Теъдоди нашри китоби “Тоҷикон” ба забони туркӣ маълум нест.