Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаят-Реженси»-и шаҳри Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Точикистон баргузор гардид. Дар ин чорабинии бонуфӯз беш аз 20 ширкати пешбари соҳаи маъдани кӯҳӣ аз Точикистон ва зиёда аз 200 сармоягузору истеҳсолкунандагони таҷҳизот, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони муассисаҳои молиявӣ ширкат намуданд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оғоз гардида, ширкаткунандагонро ба ин ҳамоиши бонуфӯз хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки баргузории форум пеш аз ҳама дар муаррифии иқтидори захираҳои маъдании Точикистон ба чомеаи ҷаҳонӣ, намоиши доираи васеи захираҳои мавчуда, аз ҷумла, металлҳои ранга, маъданҳои муҳим ва муайян кардани лоиҳаҳо ва имконоти умедбахши сармоягузорӣ заминаи мусоид мегузорад.
Таъкид гардид, ки ҳамоиши имрӯза барои ҳамкориҳои густурда дар самти саноати маъданҳои кӯҳӣ ва ҷалби шарикони рушд, инчунин ба муколамаи мустақим байни намояндагони тиҷорат, сармогузорон ва мақомоти давлатӣ мусоидат намуда, корхои омодагӣ ва татбики лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаи маъдан боис хоҳад гардид.
Зулайхои Р,Овози тоҷик.



