Тоҷикистон кишвари аз бемории вараҷа озод эътироф шудааст ва шаҳодатномаи директори генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адҳан Гебрейюс ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ин шаҳодат медиҳад. Дар ин бора дар нишасти хабарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар чаҳорчӯби иҷлосияи 76-уми Созмони ҶаҳонииТандурустӣ рӯзи 19 май мулоқоти дуҷонибаи вазир бо Директори генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ Адхан Гебрейсус баргузор гардид, ки дар он ба Точикистон шаҳодатномаи “Кишвари озод аз вараҷа” супорида шуд.
Инчунин бояд гуфт, ки бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори муассисаҳои саноатӣ дар 6 моҳи соли 2023 36 муассиса сохта ба истифода дода шуд. Илова бар ин, вазорат бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба маблағи 80,16 млн доруворӣ харида ба аҳолӣ дастрас намуд.