Барномаи рушди СММ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон лоиҳаи нави муштаракро оғоз карданд. Ин ташаббус ба коҳиш додани истифодаи моддаҳои зараровар ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири хунуккунӣ равона шудааст. Ҳадафи асосӣ ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо тағйирёбии иқлим унвон мешавад.
Буҷети ин лоиҳа 5.2 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, татбиқи он барои солҳои 2026–2031 пешбинӣ шудааст.
Лоиҳа аз ҷониби Фонди глобалии муҳити зист маблағгузорӣ мешавад.
Санади ҳамкориро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода ва Намояндаи доимии БРСММ, Судипто Мукерҷи имзо намуданд.



