Дар вилояти 12 январ дар вилояти Хатлон маросими қадршиносии ғолибони Озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2025» баргузор гардид. Дар номинатсияи «Шаҳри беҳтарин» шаҳри Кӯлоб сазовори ҷойи аввал гардидааст. Дар ин бораи АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Ноҳияи Данғара ғолиби озмуни вилоятӣ дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» дар соли 2025 дониста шуда, сазовори ҷойи якум гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, барои сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қарори Раиси вилояти Хатлон аз 23 феврали соли 2025 Озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2025» гузаронида шуд.
Инчунин дар номинатсияи «Шаҳраки беҳтарин» Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, дар номинатсияи «Ҷамоати беҳтарин» Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара ва дар номинатсияи «Маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати шаҳраки Хоҷамастони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сазовори ҷойи якум гардиданд. Инчунин дар номинатсияи «Деҳаи беҳтарин» ҷойи якум ба деҳаи Сайроби деҳоти Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ ва дар номинатсияи «Хонаи истиқоматӣ» ҷойи якум ба хонаи Аваз Тоҷиев, сокини деҳоти “Нури Вахш”-и ноҳияи Дӯстӣ сазовор дониста шуд.
Ҳадафи озмуни вилоятӣ ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ободонӣ ва истифодаи самараноки замин, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойи нави кор дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими соҳибистиқлолӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ равона гардидааст.
Акс аз АМИТ «Ховар»



