25 феврали соли 2026 Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафири тозатаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар шаҳри Тошкент — Тамер Фатҳи Абделсалама Ҳаммадро ба муносибати супоридани нусхаи эътимодномаҳо пазируфт.
Тавре дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Мисрро баррасӣ намуданд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ ба сафири нави Миср дар фаъолияти минбаъдаи дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно кард.



