Дар бинои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси миллии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Пиряхҳо, иқлим ва захираҳои об: мушкилоти муосир ва ҳамкории байналмилалӣ», бахшида ба 21 март — Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.
Дар конфронс Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти АМИТ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндаи Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, директори иҷроияи Фонди «Оғохон» дар Тоҷикистон, роҳбари намояндагии Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур таъмини ҳамоҳангсозии кӯшишҳои илмӣ, институтсионалӣ ва байналмилалӣ барои омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи системавии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим, инчунин муайян намудани афзалиятҳои ҳамоҳангшудаи татбиқи ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи криосфера мебошад.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки пиряхҳои Тоҷикистон ҷузъи муҳими стратегии захираҳои табиии кишвар буда, қисми назарраси ҷараёни дарёҳоро таъмин намуда, тавозуни обро нигоҳ медоранд ва экосистемаҳои кӯҳиро устувор мегардонанд.
Инчунин Антуан Федерер — намояндаи Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон доир ба аҳамияти хоси пиряхҳо барои рушди устувор ва ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар асоси қатъномаи соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидааст, андешаронӣ намуд.
Дар анҷом миёни коршиносони дохилӣ ва байналмилалӣ дар самти омӯзиши пиряхҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Зулфия Сафарова, Нилуфари Нуриддин



