7 майи соли 2026, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Солeҳа Холмаҳмадзода, дар ҷаласаи пленарии Форуми баррасии байналмилалии муҳоҷират (IMRF), ки дар Толори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, суханронӣ намуд.
Дар суханронии худ, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ самтҳои асосии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаҳои муҳоҷират ва шуғл иброз намуда, зарурати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди роҳҳои бехатар, муназзам ва қонунии муҳоҷиратро таъкид кард. Ҳамчунин, ӯ ислоҳоти ҷоришавандаи миллӣ дар самтҳои шуғл, рақамикунонӣ ва идоракунии равандҳои муҳоҷиратро муаррифӣ намуд.
Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисоботи ихтиёрии баррасии татбиқи Паймони глобалӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, муназзам ва қонунӣ (GCM)-ро пешниҳод намудааст, ки аз ӯҳдадории кишвар ҷиҳати бунёди низоми муҳоҷирати инсонмеҳвар ва самаранок шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, Тоҷикистон дар соли ҷорӣ панҷ уҳдадории (pledges)-и кишвари узвро барои татбиқи ПГМ пешниҳод намудааст.



