Имрӯз дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки шахсони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Бонки миллии Тоҷикистон ва меҳмонону иштирокдорон маросими расмии оғози Форуми XI–уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» баргузор гардид.
Нахуст паёми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко ва дигар роҳбарони парламентҳои давлатҳои иштирокчӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Сипас, бо иштироки сардорони ҳайатҳо ва пахши тугмаи рамзӣ ба кори Форум оғози расмӣ дода шуд.
Ҳадафи баргузории Форум муколамаи фарҳангӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстона байни намояндагони насли ҷавони кишварҳои Иттиҳод арзёбӣ гардида, бо ин мақсад беш аз сад нафар намояндагони кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон омаданд.
Форуми мазкур бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, он то 22 июн дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи “Шоҳин”- шаҳри Гулистон ва 23-24 июн дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.
majmilli.tj



