6 июли соли 2026 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳо ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи «Таъминоти сӯзишворӣ дар бозори истеъмолӣ ва танзими нархи он» баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани дастрасии бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, роҳандозии диверсификатсияи воридоти маҳсулоти сӯзишворӣ ва нафти хом бо мақсади коркард дар иқтидорҳои ватанӣ, назорати мунтазами нарху тарифҳо барои пешгирии ба таври сунъӣ баланд бардоштани арзиши он дар нуқтаҳои фурӯш ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ҷиҳати истифодаи имкониятҳои алтернативии кам намудани талабот ба маводҳои сӯзишворӣ баррасӣ гардиданд.



