Ба иттилои Вазорати нақлиёти кишвар, Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» бо мақсади таъмини иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2026, №101 «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030», ҳамкориро бо шарикони рушд ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, бо Бонки Осиёии Рушд, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, САҲА ва GIZ.
Барои фарогирии пурраи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт 34 модул тартиб дода шуда, 20 модули он мавриди коркард ва истифода қарор доранд.
Айни замон аз 5 567,9 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидоштаи истифодаи умум, ки дар тавозуни вазорат қарор доранд, ба пуррагӣ маълумот вобаста ба дороиҳои роҳҳои автомобилгард ҷамъоварӣ карда шудааст.
Модули картотека, ки барои тақсимот, истифодабарӣ ва назорати қисмҳои эҳтиётии техникаҳои роҳсозӣ, сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар мавод таҳия шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар муассисаву идораҳои сохтори Вазорати нақлиёт аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» хизматрасонии почтаи электронӣ ва 373 адад дастгоҳи GPS дар техникаҳои роҳнигоҳдорӣ васлу насб гардидааст.
КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» аз 3 марти соли 2026 ҳамчун резиденти Парки технологӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа, марказ аз андози иҷтимоӣ пурра озод гардида, инчунин меъёри андози даромад, ки қаблан 12 фоизро ташкил медод, то 6 фоиз коҳиш дода шуд. Дар натиҷа, барои ҳавасмандгардонии кормандон музди меҳнат то 30 фоиз баланд бардошта шуд.



