Дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи Агентии «Тоҷикстандарт» муовини якуми директор Мирзоён Раҳмоншо иброз дошт, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 Агентӣ назорати сифати маҳсулот, сертификатсия ва ҳамкориҳои байналмилалиро тақвият бахшид. Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра беш аз 1 миллиону 164 ҳазор килограмм маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯнабуда аз муомилот гирифта шуд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Агентӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳоро густариш дода, дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ-техникӣ бахшида ба 100-солагии метрологияи Тоҷикистон ва ҷаласаи 38-уми Кумитаи СООМЕТ-ро бо иштироки намояндагони 14 давлат баргузор намуд.
Ба гуфтаи Мирзоён Раҳнамо Давлат, Агентӣ минбаъд низ барои мутобиқ намудани стандартҳои миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ хоҳад кард.



