Санаи 13-уми июли соли 2026 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон нишасти матбуотӣ оид ба чамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад оғоз намуда ҷиҳати таъмини ичрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 маълумот пешкаш намуд.
Дар давраи хисоботӣ аз ҷониби кормандони Агенти 93 ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар ва дигар намуди чиноятҳо ошкору муайян кардашудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 7 чиноят ё 8 фоиз зиёд мебошад.
Агентӣ аз муомилоти гайриқонунӣ 223 кг 83 гр маводи нашъаовар мусодира намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-161 кг ё 42 фоиз кам мебошад.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Чумхурии
Точикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Накшаи чорабиниҳои асосии ичрои Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Чумхурии Точикистон барои солҳои 2021-2030 ва таъмини ичрои босамари қарорҳои Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор аз ҷониби Агентӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар нақша-чорабиниҳо ба тасвиб расонида шудааст.



