Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 аз рӯи ҳамаи самтҳои фаъолият дар маҷмӯъ 331,4 млн. сомонӣ зарар ошкор ва бо назардошти баркарорсозии бақияи зарар бо парвандаҳои чиноятии соли кабли руёнидани маблаги бакияпулихои андоз ва таъини чаримахои маъмурй 449 млн. сомони баркарор кардааст. Дар ин бора дар нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дода шуд.
Бино ба иттилоъи мақомоти мубориза бо коррупсия, 49,5 млн. сомонии ин маблағ бевосита ба будҷеи давлат, 87.1 млн. сомонӣ ба корхона ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, инчунин 12.4 млн.сомонӣ ба ҷамъиятҳои ғайридавлатӣ ва шахрвандон рост меояд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 бо амалисозии босамари ваколату вазифаҳои хизматӣ, дар самтҳои назорати истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва молу мулки давлатӣ, пешгирӣ, ошкору бакайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, иктисодии хусусияти коррупсионидошта ва таҳқиқу тафтиши пешакии онхо корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.
Суҳроби Маҳмадшоҳ,
радиои «Овози тоҷик»



