Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон 3 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар маҷмӯъ, теъдоди умумии онҳо ба 170 адад расид. Маълумоти мазкур, имрӯз, 31 июл аз ҷониби Сатторзода Бобоҷон, ректори Донишгоҳи мазкур зимни нишасти хабарӣ пешниҳод гардид. Айни ҳол 140 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои Узбекистон, Қазоқистон, Олмон, Чин ва Федератсияи Русия дар зинаҳои гуногуни таҳсилот ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра роҳбарият ва ҳайати устодони Донишгоҳ дар як қатор Форуму Анҷуманҳо ва дигар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат намуда, дастовардҳои илмии донишгоҳро муаррифӣ намуданд. Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 12 нафар омӯзгорону кормандони донишгоҳ дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои байналмилалӣ ба донишгоҳҳои хориҷӣ сафарбар шуда, дар семинару тренингҳо ва курсҳои такмили ихтисос иштирок карданд. Ҳамчунин 6 нафар донишҷӯ ба донишгоҳҳои Русия барои таҳсил ҷалб карда шуданд.
Зулайхои Раҷаб,
Радиои «Овози тоҷик».



