Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии силсилаи «Сад дорандаи Ҷоизаи Нобел», бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти нависандаи маъруфи англис, барандаи Ҷоизаи Нобел Ҷозеф Редярд Киплинг баргузор гардид.
Дар маҳфил муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» Сайфиддин Камолзода хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти хориҷӣ ва якчанд нафар кормандони китобхона иштирок намуданд.
Муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» Сайфиддин Камолзода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки баргузории силсиламаҳфилҳои «Сад дорандаи Ҷоизаи Нобел» барои рушди фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани маърифати мутолиа ва шиносоии хонандагон бо мероси адабии адибони барҷастаи ҷаҳон аҳамияти хос дорад. Ба гуфтаи ӯ, чунин маҳфилҳо дар тарбияи маънавию фарҳангии ҷавонон ва таҳкими таваҷҷуҳи онҳо ба адабиёти ҷаҳон нақши муассир доранд.
Сипас, доир ба зиндагинома ва фаъолияти адабии Ҷозеф Редярд Киплинг, саҳми ӯ дар рушди адабиёти ҷаҳон ва осори машҳури ӯ, аз ҷумла «Китоби ҷангал», «Ким» ва дигар асарҳо маълумот пешниҳод гардид. Иштирокдорон инчунин мазмун, ғоя ва аҳамияти тарбиявию ахлоқии асари машҳури «Китоби ҷангал»-ро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки силсиламаҳфилҳои «Сад дорандаи Ҷоизаи Нобел» ба баланд бардоштани завқи мутолиа ва шиносоии хонандагони наврасу ҷавон бо осори адибони барҷастаи ҷаҳон мусоидат менамоянд.
Қобили зикр аст, ки ин маҳфили фарҳангиву адабӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Моҳираи Иброҳим «Овози тоҷик»



