13 августи соли 2026 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Чжицзюн мулоқот намуд.
Зимни мулоқот доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхай табодули муфассали афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, ҷонибҳо раванди омодагӣ ба чорабиниҳои дарпешистодаи Саммити сарони давлатҳои узви СҲШ (Бишкек, 31 август – 1 сентябри соли 2026) ва ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ (Душанбе, 19–20 октябри соли 2026)-ро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Созмон иброз намуданд.



