20 августи соли 2026 дар доираи сафари расмӣ ба Туркманистон, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дар қолаби маҳдуд ва васеъ музокирот анҷом дод.
Зимни мулоқотҳо ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди минбаъда ва таҳкими шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Туркманистонро муҳокима намуда, тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати идомаи рушди ҳамкориҳои зич вобаста ба доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба муайян карданд.
Дар натиҷаи музокирот Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон барои солҳои 2027–2028 ба имзо расид.



