Дар арафаи оғози соли нави таҳсил бо ташаббуси раиси шаҳри Бохтар 50 нафар хонандаи ятим ва аз оилаҳои камбизоат бо туҳфаҳои мактабӣ ва дигар маводи зарурӣ таъмин гардиданд.
Ин иқдом дар доираи ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид роҳандозӣ гардида, ба дастгирии иҷтимоии кӯдакону наврасони ниёзманд равона шудааст.
Ба хонандагон ҷузвдон, дафтар, қалам ва дигар лавозимоти зарурии мактабӣ тақдим карда шуд. Ин ғамхорӣ ба онҳо имкон фароҳам овард, ки бо рӯҳияи болида ва омодагии зарурӣ ба соли нави таҳсил қадам гузоранд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки дастгирии кӯдакону наврасони ятиму ниёзманд, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва ғамхорӣ ба ояндаи онҳо аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Н. Самадзода, «Хатлон»



