6 октябри соли 2026, зимни баррасии банди рӯзномаи «Тадбирҳои аз байн бурдани терроризми байналмилалӣ» дар Кумитаи шашуми Иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, Шоён Қурбонов, котиби якуми Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ, мавқеи марбутаи ҳайати Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Дар суханронӣ азми Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез, инчунин таҳкими иқтидор дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба таҳдидҳои тағйирёбанда ва фаромиллӣ баён гардид. Ҳамзамон, ба сӯистифодаи рӯзафзуни интернет, платформаҳои рақамӣ ва технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Инчунин, талошҳои Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизм, таҳкими амнияти сарҳадӣ ва пешгирии маблағгузории терроризм таъкид гардиданд.
Ҳамзамон, дар суханронӣ нақши Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва нақшаҳои Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани конфронси навбатии сатҳи баланди байналмилалӣ дар доираи раванди мазкур дар соли 2027 таъкид гардид.



