6 октябри соли 2026 дар Идораи Шӯрои амнияти миллии ШМА вохӯрии Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка Завқизода Завқӣ бо ёвари махсуси Президент ва Директори калони Шӯрои амнияти миллии ШМА оид ба корҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Майкл Ҷеремия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ тарафҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону ШМА, тавсеаи муколамаи сиёсӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоративу сармоягузорӣ, амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар доираи қолаби «Осиёи Марказӣ ва ШМА» (C5+1)-ро муҳокима намуданд.



