Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он нишаст зери роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок кард.
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Созмон перомуни мавзуҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуда, дурнамои ҳамкорӣ дар доираи ИДМ-ро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва густариши робитаҳои гуманитарию фарҳангӣ миёни давлатҳои Иттиҳод таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Аз натиҷаи нишасти вазирони корҳои хориҷӣ якчанд қарорҳои марбут ба тақвият ва рушди мунтазами ҳамкории бисёрҷанба байни кишварҳои аъзои ИДМ қабул шуд.



