Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 45-уми Шӯрои идоракунандагони Фонди иқлими сабз ба анҷом расид. Вобаста ба натиҷаҳои он нишасти матбуотӣ баргузор шуда, масъулон аз муҳимтарин қарорҳо ва натиҷаҳои муҳокимаҳо маълумот доданд.
Зимни нишаст зикр гардид, ки дар ҷаласа масъалаҳои маблағгузории иқлим, татбиқи лоиҳаҳои экологӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баланд дар Тоҷикистон аз нақши фаъоли кишвар дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии захираҳои об шаҳодат медиҳад.Ба гуфтаи иштирокчиён, қарорҳои қабулшуда барои ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои экологӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор имкониятҳои нав фароҳам хоҳанд овард.
Дилнозаи Абдумалик,
радиои «Овози тоҷик».



