Кумитаи тартибӣ-интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар ҷаласаи навбатии худ қоидавайронкуниҳои зимни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистонро баррасӣ карда, нисбати як қатор футболбозон, мураббиён ва дастаҳо ҷазоҳои интизомӣ татбиқ намуд.
Тибқи қарори кумита, сармураббии «Барқчӣ» Алифбек Беромов барои иштирок накардан дар мусоҳибаи баъди бозӣ пас аз вохӯрӣ бо «Регар-ТадАЗ» рӯзи 10 октябр ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима шуд.
Дастаи «Хуҷанд» барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ зимни бозӣ бо «Сардор» рӯзи 22 октябр 1000 сомонӣ ҷарима гардид.
Ҳамчунин, табибони чанд даста барои иштирок накардан дар семинари такмили ихтисос, ки бо ташаббуси ФФТ ва Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор шуд, ҷарима шуданд. Дейв Басонджоне, табиби «Ҳосилот», 1000 сомонӣ ва табибони дастаҳои «Хулбук», «Моҳир», «Сарҳадчӣ», «Саразм», «Шоҳмансур», «Ҷиликӯл» ва «Исфара» ҳар кадом 500-сомонӣ ҷарима супоранд.
Барои рафтори номуносиб мураббиёну футболбозон маҳрум шуданд
Сармураббии «Сомон» Ҷаваршо Шоҳгиёсов барои истифодаи суханони қабеҳ нисбат ба ҳайати доварони бозӣ бо «Саразм» рӯзи 10 октябр ба се бозӣ маҳрумият аз иштирок ва 1000 сомонӣ ҷарима маҳкум шуд.
Карим Юсупов, роҳбари дастаи «Рахш», барои рафтори монанд нисбат ба нозири доварон дар бозӣ бо «Панҷшер» рӯзи 8 октябр аз се бозӣ маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима гардид.
Баҳрулло Шарифов, роҳбари дастаи «Шодмон», низ барои истифодаи суханони қабеҳ нисбат ба ҳайати доварон дар бозӣ бо «Мастчоҳ» рӯзи 2 октябр ба ҳамин ҷазо — се бозӣ маҳрумият ва 1000 сомонӣ ҷарима — гирифтор шуд.
Футболбози «Рахш» Мирзошариф Ҳасанов барои таҳқири доварон дар бозӣ бо «Рангон» рӯзи 13 октябр аз се бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима шуд. Муллоаҳмад Раҳматов, бозигари «Мастчоҳ», низ барои қасдан бо пой задан ба ҳариф дар бозӣ бо «Панҷшер» рӯзи 20 сентябр ба ҳамин ҷазо маҳкум гардид.
Ҷазои сахттар ба ду футболбоз татбиқ шуд. Алишер Қуганов аз «Моҳир» барои таъсири ҷисмонӣ расонидан ба довари бозӣ бо «Сарҳадчӣ» рӯзи 19 сентябр ва Зарҳалшо Акрамов аз «Рахш» барои чунин қоидавайронкунӣ дар бозӣ бо «Моҳир» рӯзи 27 сентябр ҳар кадом ба 10 бозӣ маҳрумият аз иштирок ва 1250 сомонӣ ҷарима маҳкум шуданд.
Дастаҳо низ ҷарима шуданд
Дастаҳои «Мастчоҳ», «Саройкамар» ва «Рангон» барои риоя накардани талаботи интизомӣ ва рафтори номуносиб дар бозиҳои Лигаи якуми Тоҷикистон ҷарима шуданд.
- «Мастчоҳ» барои иҷро накардани талаботи низомномаи мусобиқа нисбат ба варзишгоҳ ва бошгоҳ дар бозӣ бо «Рангон» рӯзи 26 сентябр — 500 сомонӣ;
- «Саройкамар» барои рафтори номуносиби даста дар бозӣ бо «Рангон» рӯзи 19 октябр — 500 сомонӣ;
- «Рангон» барои рафтори номуносиб дар бозӣ бо «Рахш» рӯзи 13 октябр — 500 сомонӣ;
- «Рангон» барои рафтори номуносиб дар бозӣ бо «Шоҳмансур» рӯзи 24 октябр — 500 сомонӣ.
«Ҳосилот» бо ҳисоби 0:3 мағлуб эълон шуд
Кумитаи тартибӣ-интизомии ФФТ инчунин барои иштирок додани футболбози маҳрумшуда дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ бо «Вахш» рӯзи 23 октябр ба «Ҳосилот» бохти техникӣ бо ҳисоби 0:3 сабт кард.



