Дар Маркази мазкур доир ба фаъолияти нимсола нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нишастро Директори Марказ Саидзода Изатуллои Ҳабибулло ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2026, Марказ доир ба 10 консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ корбариро ба роҳ монда, иҷрои онҳоро таъмин намуд. Дар идома гуфта шуд, ки вобаста ба ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои олӣ маълум менамоем, ки иштироки кормандони Марказ дар 29 чорабиниҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, мизҳои мудаввар, форумҳо ва дигар чорабиниҳо таъмин гардид. Дар ин давра кормандони Марказ дар 17 гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ва ҷаласаҳо оид ба таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намуданд.



