Агентии содирот дар давраи ҳисоботи ҷиҳати густариш муносибатҳои хориҷӣ, баҳри тақвият бахшидани фаъолият дар самти муаррифии маҳсулоти ватанӣ, таҳкими мавқеъгирии содироткунандагони ватанӣ дар бозорҳои анъанавӣ ва дарёфти бозорҳои нави содиротӣ, ташкили марказҳои содиротӣ, мутобиқ намудани маҳсулоти ватанӣ ба талаботи бозорҳои афзалятноки содиротӣ тавассути сертификаткунонии байналмилалӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурию техникӣ дар самти содироти маҳсулоти ватанӣ ҳамкориро бо шарикони рушд тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ мондааст.
Аз ҷумла, мулоқотҳои роҳбарияти Агентии содирот бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сафири навтаъйиншудаи Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири саноат, маъдан ва савдои Ҷумҳурии Исломии Эрон, роҳбари намояндагии Хадамоти гумрки Федератсия Россия дар Тоҷикистон ва чандин мулоқотҳои дигар низ баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ, бахусус дар самти содирот , аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷонибҳо ба рушди савдои мутақобилан судманд, пешбурди маҳсулоти ватанӣ ба бозор ҳои нав ва таҳкими робитаҳои институтсионалӣ миёни сохторҳои марбутаи ду кишвар шаҳодат медиҳад.
Инчунин, дар доираи татбиқи ташабусҳои Агентии содирот ва натиҷаи татбирҳои андешашуда бо мақомоти соҳавии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколҳо байни Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ ҳангоми содироти меваҳои тару тозаи донакдор (зардолу ва олу) ва панҷаҳои мурғ ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқию меъёрии содироти ин намуди маҳсулотро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин таъмин менамояд.
Фуруҳар Тоҳирӣ, Овози тоҷик



